Меню Рубрики

Комде ва мадан асари кист

14.03.2019 Маданият ва санъат Comments Off on Достони «Комде ва Мадан»-и Бедили Дехлави 167 Показы

Достони «Комде ва Мадан» аввалин достони асримиёнагист, ки кахрамонхои марказии он – ошик ва маъшука намояндаи ахли хунар, санъатанд. Ин достон мустакил ё чудогона набуда, дар дохили маснавии «Ирфон» чой дода шудааст. Аз сабаби он, ки соли таълифи «Ирфон» 1712 эътироф шудааст, пас санаи эчоди «Комде ва Мадан» низ бояд хамон сол бошад. Достони «Комде ва Мадан» аз 900 байт иборат буда, 10 бобро фаро мегирад. Достон дар шакли маснави буда, дар бахри Хафифи махбуни аслам (баъзан аслами мусаббаг, махбуни махзуф, махбуни максур) таълиф шудааст.

Афоъили он чунин аст:

яъне: фоъилотун, мафоъилун, фаълун ё фаъилун

Мазмуни достони «Комде ва Мадан» чунин аст: Яке аз шохони номдори каламрави Хиндустон дар харамсарои хеш бо номи Комде раккосаи хунарманду хубруе доштааст. Комдеи сохибчамол бо хунари волои худ, ки дар базмхои шохона барпо мешуд, хамаро мафтуну шайдо ва шефтаву хайрати менамудааст. Чунончи:

Базми шах бе рухаш хузур надошт,

Бо хозирон чарог нур надошт.

Овозаи чамоли зебо ва санъати волои Комде оламгир мешавад ва дар мулки Шимоли Хундустон санъатвари дигаре – Мадан ном зиндагию фаъолият менамуд, ки хунёгари бемонанд ва сарояндаи хушсавте буд. Мадан овозаи Комдеро шунида бо як илоче худро ба каламрави Комде мерасонад. Мадан дар як базми шох иштирок намуда, хунарнамои мекунад ва ба хозирин нихоят писанд меафтад ва хунарнамоии Мадан шохро ба хадде мутаассир мекунад, ки шох шаддаи марвориди гаронарзишеро ба Мадан хадя мекунад. Санъати Мадан Комдеро низ тасхир карда буд ва Мадан шаддаи хадяшударо ба Комде мебахшад.

Бедил лахзаи мазкурро чунин ба риштаи тасвир кашидааст:

К-он чи ман дорам аз сарафрози,

Бех, ки халхоли 39 пои худ сози.

Рафтори Мадан боиси газаб гирифтани шох мешавад. Шох амр мекунад, ки Мадан аз шахр бадарга карда шавад ва агар касе ба у рахмхориро раво бинад, ба катл расонида мешавад. Комде бошад дар чазои Мадан худро сабабгор медонад ва аз ин ру, мехохад Маданро бубинад:

Комде хар тараф «Мадан»-гуён,

Буд чун ашк аз кафо пуён.

Кучахо дод чок бар чигараш,

То расони хешро ба сараш.

Комде ба сифати ришва зару зевари зиёдеро сарф намуда, Маданро ба мухлати як шаб халос менамояд ва ошикро ба хонаи худ гирифта меорад. Онхо дар якчояги аз гардиши айёму аз ночурихои рузгор шиквахо мекунанд. Рузи дигар золимон онхоро чудо намуда, Маданро ба биёбон бурда, дар он макон уро танхо мегузоранд.

Дар хамон сухбати якшаба Мадан ба Комде гуфта буд, ки дар кадом як гушаи мулки Шимол дарахти мукаддасест, ки инсонро ба мурод мерасонад. Яъне, агар касе он дарахтро пайдо намуда, каме дар сояи он нишинад, ба мурод хохад расид. Ба хамин максад, Мадан он дарахтро чуён мешавад ва аз чумла мегуяд:

Меравам, то ба он дарахт расам,

Шояд аз сояаш ба бахт расам.

Лахзаи хайрухуш Мадан ба Комде гуле такдим намуда, таъкид мекунад, ки агар гулро хазон бини, бидон ки хаёти ман дар хатар аст ва умрам ба поён расидааст. Агар гул пажмурда нашавад, маро чизе тахдид намекунад.

Мадан он дарахтро пайдо карда дар сояи он муддате хоб меравад ва хар замон аз Комде ёд мекунад. Аз забони Мадан номи Комдеро хатто паррандагони биёбон низ хифз карда, онхо «Комде»-наво мешаванд. Чунончи:

Вахшу тайри саводо он сахро,

Баст минкору лаб зи савту наво,

Баски бо созиш ошно гаштанд,

Як калам «Комде»-наво гаштанд.

Боре шохи мулки Шимол хангоми шикор гузораш ба чавони парешонхоле меафтад, ки дар биёбон басо афсурдаву хичил аст. Шох чавонро холпурси мекунад ва пас аз огохи ёфтан аз холи хеле парешони Мадан, ба у хохиши ёри расондан пайдо мекунад. Зеро Мадан саргузашти пурмочарои худро ба самъи шох мерасонад. Шох аз шунидани ин хеле мутаассир гардида, мехохад ба ошикон ёри расонад. Шохи мулки Шимол ба шохи золим нома навишта, хохиш менамояд, ки барои ба максад расидани ошикон мусоидат бикунад. Инчунин, боисрор таъкид хам мекунад, ки агар ба кори ошикон монеъ шавад, он гох бо у чанг хохад кард. Вале подшохи золим хохиши шохи одилро рад мекунад. Нихоят, чанг сар мезанад ва дар ин чанг шохи одил пируз мешавад:

Хоки он бевафо ба хун тар шуд,

  • Халхол – халкаи тилло ё нукра, ки занон барои зинат ба пой мебанданд.

Подшохи Мадан музаффар шуд.

Мадан аз галабаи шохи одил шод гардида, наздик омадани висолро хис мекунад. Комде аз холати гул киёс мекунад, ки Мадан хушхол бояд бошад. Аз холати ошикон шохи одил низ хурсанд гардида, мехохад иродаи Маданро бисанчад. У тавассути суханчине ба Комде мерасонад, ки Мадан дар яке аз лахзахои чанг халок шуд. Комде баробари шунидани ин хабар, аз хуш меравад ва шох низ аз кори худ пушаймон мешавад. Зеро хамон шахс хабари холи Комдеро ба шохи одил мерасонад. Хангоми ба шох арз намудани саргузашти Комде, Мадан дар хузури шох буд, хабар ёфта у низ аз хуш меравад. Шохи одил аз хазли ночо худ пушаймон мегардад. Шох амр мекунад, ки часади ошиконро ба гармоба гузоранд. Зер шох бо табибон машварат намуда буд. Онхоро ба гармоба мебаранд ва баъди бахудои, онхо хамдигарро дар канори якдигар пайдо намуда, хурсанди мекунанд ва ба хамин тарик, ба мурод мерасанд.

Достон бо хамин хотима меёбад. Албатта, дар адабиёти точик достонхои ишки-лирики хеде зиёданд: «Варка ва Гулшох», «Вис ва Ромин», «Хусрав ва Ширин»-хо, «Лайли ва Мачнун»-хо, «Фарход ва Ширин» ва гайра. Вале дар асари Бедил тозакорихо фаровон аст. Мухим он аст, ки оптимизми бисёр кави дорад. Зеро кахрамонхои асосии он ба максад мерасанд.

Аз тарафи дигар, кахрамонхои марказии достон намояндагони ахли хунар мебошанд, ки ба чуз хунари хеш ва хизмат ба мардум, ба сиёсат ва низоъхои дигар сару кор надоранд.

Дар ин асари Бедил шохи одил низ рафтори дигар дорад. У бисёр катъи, чидди ва дустдори хакикату адолат аст. Агар чое ноадолатиеро бубинад, онро то ба охир месанчад ва адолатро баркарору хакикатро пойдор месозад.

Бедил исбот мекунад, ки зулм ва золими бебако ва сустпоя аст.

Образхои асосии Достон

Дар достони «Комде ва Мадан» образхои асоси ва лахзаги, мусбат ва манфи иштирок менамоянд. Образхои марказии он: Комде, Мадан, шохи кишвари Комде, шохи мамлакати Шимол.

Гоя ва хадафи эчодии Бедил. Дуруст аст, ки достони «Комде ва Мадан» достони ишкист ва бо оптимизми бисёр кави саршор аст. Ишки дар ин асар руи тасвиромада дар хама чо ва дар хама холат сахт химоя карда мешавад. Ишки ду дилдода пок, беолоиш, холи аз макру хилла, сидки, софдилона ва самими буда, хар ду дилдода хам муборизанд. Онхо тарсу харос аз шоху амиру каси дигаре надоранд. Гузашта аз ин, Комде ва ошики у – Мадан намояндаи як табакаи ичтимоиянд. Онхо сохибхунаранд ва хунарашон онхоро машхур кардааст. На Комде ва на Мадан хариси молу чиз нестанд. Онхо барои дороиву молу пул талош намеварзанд. Шох ба Мадан шаддаи марворид инъом кард, вале Мадан дар хузури шох шаддаи марворидро нисори кудуми Комде намуд.

Аз тарафи дигар, бунёди гоявии асарро адл ва адолатхохиву додгустари фарохам меорад. Албатта, адлу дод дар мукобили зулму бедоди меистод. Шоир ба ин восита гуфтанист, ки адлу дод химоя аст. Мутафаккир асоснок менамояд, ки набояд фирефтаи ноадолатихо ва истеъдодхо шуд. Зеро зулм ва золими бебако буда, маглубпазиранд ва адлу додгустари бошад, шикастнопазир ва човидонаанд. Бедил бо нишон додани ду шох ва усули муносибати онхо, хаминро таъкид кардани хаст, ки шохони чонибдори зулм рохи хаторо интихоб кардаанд. Онхо хатман шикаст мехуранд ва аз арсаи таърих мераванд. Онхоро таърих низ бо нафрат ёд мекунад. Вале шохони одил таърихсозанд ва мамлакати онхо дарозумру мардумонаш мехнаткарин мебошанд. Тавассути эчоди бадеъ сурат гирифтани образи шохи одил яке аз вазифахои дарачаи аввали адибони асримиёнаги низ хаст. Махз, ана хамин падидаи адаби гояи шохи одилро тавлид карду адибон ба таргиби он камар бастанд.

источник

Нақша:
1. Мазмуни асосиидостон
2. Симои Комде ҳамчун раққосаи нозукадо.
3. Симои асосии Мадан ҳамчун санъаткор.
Хулоса.

Бедил бо осори пурмазмун ва гаронмояи худ дарадабиёти классики форсизабонон мақоми арзандаеро касб кардааст. Ӯ соли 1644 дар яке вилоятхои Ҳиндустон таваллуд ёфтааст. Дар макотибҳои ибтидоӣ ва мадрасаҳо таҳсили илм намуда аз донишҳо ва илмҳои замони худ баҳравар гардидааст. Мирзо Бедил ҳамчун бузуртарин шоир ва нависандаи адабиёти форсизабони Ҳиндустон аз худ мероси бою ғание боқӣ гузоштааст. Дар миёни асарҳои шоир маснавии «Ирфон» мавқеи муҳим дорад. Ин маснавии шоир аз 11 ҳазор байт иборат буда, соли 1712 таълиф шудааст. Бедил дар маснавии «Ирфон» ба масъалаҳои сиёсию иҷтимоӣ фалсафӣ фикру ақидаҳои иброз медорад. Достони «Комде ва Мадан» бошад, дар маснавии «Ирфон» мавқеи махсус дорад. Достони мазкур аз 470 байт иборат буда, 10 бобро фаро гирифтааст.

Зикр бояд намуд, ки ин достон дар бораи ишқу муҳаббати ду навҷавони поктинат баҳсу мунозира менамояд. Комде ном раққосаи ҳунарманду соҳибҷамол дар ҳарамсарои подшоҳ хизмати дарбориёнро иҷро мекард. Шӯҳрату овозаи ӯ ҳама ҷойро тасхир карда буд. Дар баробари ин Мадан ном ҷавоне дар касби навозандагиву мутрибӣ беназиру бемонанд буд. Ҷавонон ба ҳамдигардил мебанданд. Дар базми шоҳонае онҳо бо ҳам вомехӯранд. Подшоҳ аз овози форами Мадан мафтун шуда, шаддаи марвориди гардани худро ба Мадан ҳамчун тӯҳфа инъом медиҳад. Мадан бошад, аз рақси ҳайратангези Комде ба ваҷд омада, инъоми додаи шоҳро ба пеши пои Комде пешкаш менамояд. Ин рафтори Мадан боис мешавад, ки шоҳ ӯро бадарға намояд. Дилдодагон бо ранҷу азобҳо боз бо ҳам вомехӯранд. Мадан ба Комде дар бораи як дарахте нақлу ривоят мекунад, ки агар касе дар сояи он муддате нишаста, орзӯе дархост намояд ба муродаш мерасидааст. Ин амал низ мушкилии онҳоро ҳаллу фасл наменамояд. Сипас, подшоҳи яке аз кишварҳо аз ҳолу аҳволи дилдодагон воқиф гашта ба подшоҳи Комде нома менависад, то ин онҳоро ба мақсад расонад. Вале шоҳи золим таклифи шоҳи одилро рад менамояд. Дар натиҷаи ҷангу ҷидолҳо подшоҳи одил ғолиб меояд. Дилдодагон аз санҷишу имтиҳони подшоҳи одил ба хубӣ мебароянд. Дар охир онҳо ба муроди якдигар мерасанд.

Симои Комде ҳамчун духтари хушқадуқомат, соҳибҷамол, бофаросат, вафодор ва рақосаи нозукадо тасвир ёфтааст. Комде ҳамчун устоди рақс барои ба дараҷаи олии санъати рақс расидан, заҳматҳо мекашид. Ҳамин тариқ, Комде дар достон ҳамчун духтари боақл, хоксору покдоман, санъаткору санъатдӯст ба қалам дадашудааст.

Симои Мадан низ ҳамчун санъаткор тасвир ёфтааст. Мадан дар санъати ҳофизиву мусиқӣ малакаву истеъдоди беҳамтое доштааст. Ӯ дар баробари санъаткори моҳир будан, инчунин ҷавони бозаковат, бовафо, боҳиммат ва ҷасуру боҷуръат ба қалам дода шудааст.

Хулоса достони «Комде ва Мадан» аз беҳтарин достонҳои ишқӣ-лирикӣ буда, бо баъзе хусусиятҳои худ аз дигардостонҳои лирики адабиёти классикӣ фарқ мекунад. Ин достон ба мисли дигар достонҳои пешин фоҷиавӣ набуда, онҳо бо саъю талошҳои бевоситаи худ ба мақсад мерасанд. Бедил дар ин достон ҳамчунин масъалаҳои дӯстиву рафоқат, шоҳи одил, некиву накӯкорӣ, ростиву росткориро тарғибу ташвиқ намудааст. Бедил дар симои шоҳони одил барқароркунандагони адлу адолати иҷтимоиро мебинад. Достон то имрӯз низ аҳамияти тарбиявию ахлоқии худро гумм накардааст.

Омодакунанда: Исматова Мунисамоҳ, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи тиббӣ, гурӯҳи 13

источник

Достони «Комде ва Мадан»

Достони мазкур дар дохили «Ирфон» омада, зиёда аз 900 байтро дар бар мегирад. Сюжети достон аз эҷодиёти даҳанакии халқи Ҳинд сарчашма мегирад. Дар қарнҳои пешин дар байни ҳалқи ҳинду саргузашт ё ишқу ошиқии ду намояндаи аҳли ҳунар хеле машҳур будааст. Бедил ҳам сюжети афсонаро омўхта, аз нав кор карда, асоси достони худ қарор дод. Сюжети мухтасари достони «Комде ва Мадан» чунин аст:
«Дар аҳди қадим яке аз подшоҳони Ҳинд раққосаи бисёр ҳунарманде дошт, ки ин раққоса дар ҳусну ҷамол низ ягона буд. Овозаи ҳунари зебо ва Ҳусну ҷамоли беназираш ба кишвару мамолики дуру наздик паҳн мегардад.

Мадан, ки худ ҳофизи хушхону соҳибистеъдод буд, барои дидани Комде аз як кишвари дуре ба мамлакати Комде мерасад. Боре ба ў муяссар мегардад, ки дар як базми шоҳ иштирок намуда, ҳунари худро намоиш диҳад. Хониши буррою овози дилнишини Мадан ба шоҳ чунон маъқул меафтад, ки шаддаи марворидеро, ки дар гардан дошт, ба Мадан инъом мекунад. Дили Комде ҳам ба шўру ҳаяҷон омада, нихоят ба рақс медарояд ва чунон рақси дилфиребе мекунад, ки тамоми ҳозирин, аз ҷумла Мадан мафтуну шефта мегарданд ва ҳамон шаддаи марворидеро, ки ба ў чанд лаҳза пеш шоҳ тўҳфа карда буд, ба зери пои Комде ҳаво дода, мегўяд:

К-он чӣ ман дорам аз сарафрозӣ,
Беҳ, ки халхоли пои худ созӣ.

Албатта, шоҳ аз ин беҳурматии Мадан ба хашму ғазаб омада, фармон медиҳад, ки ўро аз кишвар бадарға намоянд ва ҳар касе, ки ба Мадан кўмаке расонад, ба қатл расонда мешавад. Комде аз ин ҳодиса хеле мутаассир мегардад:

Комде ҳар тараф «Мадан» гўён,
Буд чун ашк аз қафо пўён.

Ба ивази зару зевар ба Комде муяссар мегардад, ки бо Мадан вохўрда, як шаб бо ҳам бошанд. Фардо Маданро одамони шоҳи золим ба биёбони тафсон ва бедолу дарахт мебаранд ва ўро танҳо гузошта боз мегарданд. Пас аз ҷустуҷўи зиёд Мадан дарахти муродро пайдо мекунад ва дар зери он муддате хоб мекунад. Дар ҳамин айём подшоҳи мулки Шимол, ки аз он биёбон гузар дошт, аз назди он дарахт гузашта, Маданро дар ҳолати афсурдагию парешонҳолӣ дида, ўро ба ҳуш меорад ва аз Мадан аҳвол мепурсад. Пас аз шунидани саргузашти ғамангези ин ду дилдода подшоҳи мулки Шимол мутаассир гашта, нисбат ба корҳои ношоистаи подшоҳи золим хашму ғазабаш зиёд мегардад ва дар назди худ вазифа мегузорад, ки бо кадом роҳе, ки бошад, бояд ин ду ҷавонро ба мақсад расонад. Ба ин мақсад ба номи подшоҳи мулки Комде мактуб менависад. Дар мактуб гуфта шудааст, ки ба Комде ва Мадан садди роҳ нашавад ва имкон диҳад, ки онҳо ба мурод расанд. Агар ба ин розӣ нашавад, дар байни онҳо ҷанг барпо хоҳад гардид. Подшоҳи золим розӣ намешавад ва дар байни онҳо ҷанг ба амал меояд. Дар ин ҷанг подшоҳи мулки Шимол ғолиб мебарояд.
Ғалаба дидори ду дилдодаро ба ҳам наздик гардонд. Гўё барои Комде ва Мадан Хуршеди оламоро тулўъ кард. Ҳар ду шоду масрур буданд.
Подшоҳи мулки Шимол барои фаҳмидани муҳаббату садоқати онхо мехоҳад Комде ва Маданро имтиҳон кунад. Барои ин мувофиқи супориши шоҳ шахси қаллоберо ба назди Комде мефиристанд. Ў ба Комде мегўяд, ки Мадан дар ҷанг шаҳид гардид. Комде ба ин бовар карда беҳуш мегардад.Шахси қаллоб ба назди подшоҳи одил, ки Мадан ҳам дар ҳузури ў буд, омада, ин хабари нохушро ба шоҳ арз мекунад ва дар охир мегўяд, ки Комде ҳалок шуд. Ин суханонро Мадан шунида беҳуш мегардад. Подшоҳ ва ҳамаи аркони давлат аз ин ду ҳодисаи нохуш ғамгин ва пушаймон мегарданд.
Подшоҳ фармон медиҳад, ки ҳар ду дилдодаро биёранд ва табибони ҳозиқ, ҳакимони донишмандро даъват намоянд, то ки онҳоро аз марг наҷот диҳанд. Мувофиқи супориши ҳакимон ҷасадҳои «Комде ва Мадан»-ро ба ҳам наздик намуда, ба гармоба мебаранд. Пас аз муддате, ки ҳарорати гармӣ ба ҷисм таъсир кард, дили «Комде ва Мадан» ба задан медарояд ва осори ҳаёт дар онҳо пайдо мешавад. Ду дилдода чун чашм мекушоянд, якдигарро дар оғўши ҳам дида, ба муроди дил мерасанд
Шоир дар ин достон зиндагӣ, ишқу муҳаббат, ғаму дарди табақаҳои поёни ҷамъиятро ба таври ҳаққонӣ нишон додааст. Қаҳрамонҳои асосии асар — «Комде ва Мадан» аз молу сарват бенасибанд. Онҳо дили пок, иродаи қавӣ, ҳунари зебо доранд. Бедил ба ин восита нишон додааст, ки ҳунар ва аҳли ҳунар дар рўзгори шоир қадру қимате надоранд ва ҳуқуқи ишқ варзидан ҳам надоранд. Меҳнат мекунанд ва дигарон, аз ҷумла шоҳу ҳокимон аз ҳунари зебои онҳо лаззат мебаранд. Вале худ дар дарду ғам, ботинан ашки ҳасрат мерезанд. Шоир ба ин восита тазодҳои зиндагии табақаҳои ҷамъиятро ба хубӣ инъикос намудааст
Ба ҳамин тариқ, достони «Комде ва Мадан» ба масъалаҳои муҳими рўзгори адиб бахшида шуда, дар симои «Комде ва Мадан» озодии шахс, адолатпарварӣ, некию некўкорӣ, ишқи поки инсонро нишон додааст. Адиб дар достон роли санъату мусиқиро дар пешрафту такомули инсон хеле мўҷаз тасвир намудааст. Фарқи нахустини достони «Комде ва Мадан» аз достонҳои «Лайлӣ ва Маҷнун» ва «Хусраву Ширин» он аст, ки қаҳрамонҳои асосӣ Комде ва Мадан ба мурод мерасанд, вале ишқи қақрамонҳои достонҳои зикршуда фоҷиавӣ буда, ба мақсад намерасанд
Дуюм, қаҳрамонҳои асосии достони «Комде ва Мадан» намояндагони аҳли ҳунар, яъне аз табақаи поёни ҷамъиятанд, аммо қаҳрамонҳои достонҳои «Лайлӣ ва Маҷнун», «Хусрав ва Ширин» аз табақаи боло мебошанд.
Бедил ба воситаи як қатор персонажҳои достони худ одамони рўзгорашро ба сидқу сафо, далерию қадршиносӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ҳидоят мекунад. Идеяи шоҳи одил яке аз муваффақиятҳои Бедил ба ҳисоб меравад. Шоҳи одил барои ба мақсад расидани ду дилдода-Комде ва Мадан саъю кўшиши зиёд карда, онҳоро ба мурод расондааст. Дар баробари ин шоир шоҳи золим ва наздикони вайро сахт мазаммат намудааст

Таҳлили образҳои асосии достон

Абдулқодири Бедил бисёр фикрҳои пешқадами худро дар симои қаҳрамонҳои достон Комде ва Мадан ифода намудааст. Дар симои Комде сифатҳои беҳтарини зани санъаткорро ҷамъбаст намудааст. Комде духтари соҳибҷамол ва соҳибҳунар аст. Ишқи ў ба Мадан поку самимист ва барои ба мақсад расидан саъю кўшиш ва иродаи устувор дорад. Вай барои дидани Мадан азобу ранҷи зиёд мекашад, аммо аз роҳ пас намегардад. Пулу молашро дода пинҳонӣ аз шоҳ бо Мадан мулоқот менамояд. Комде ба ҳамаи золимон, ба он касоне, ки садди роҳи ишқи поки онҳо шудаанд, дар дил нафрату адовати зиёде дорад. Ӯ ин кирдори ғайриинсонӣ, ноодилонаи шоҳи золимро сахт маломат намуда, хитобан ба шоҳ мегўяд:

К-эй ҷаҳон масти даври ҷоми шумо!
Бод чандин замон ба коми шумо!
Аз мукофот агар ҳазар доред,
3-ин ситамкушта даст бардоред!

Комде бидуни ба Мадан ишқи пок доштан боз маънавиёти бой ва одаму одамгарӣ дорад. Ӯ дар масъалаи азобу машаққат кашидани Мадан хешро гунаҳгор ҳисоб мекунад. Аз ин рў санги маломат ба сари хеш зада чунин мегўяд:

Ғурбат оташнишини аҳволат!
Бекасӣ доғи сурати ҳолат!
Кардӣ аз баҳри ман видои ватан,
Хок бар фарқи ошноии ман!
Боядам тарфи доманат гирам,
Дар ҳавои ту парфишон мирам!

Шоир дар образи Комде занони санъатвари нокомро, ки ҷамъият онҳоро дар ниҳояти хорию забунӣ ва беҳукуқӣ гузошта буд, ҷамъбаст намудааст. Мадан ҳам аз ҷумлаи санъаткори моҳирест. Ў хеле хуб навохта, сурудҳои дилошўб мехонад. Маҳз бо меҳнати ҳалол ва бо санъати олии худ тавонист дилҳоро тасхир кунад. Мадан тавассути ҳунари худ ба дарбор роҳ ёфта, бо Комде шинос мешавад ва якумр бо ишқи Комде пайванд мегардад. Ў дар ишқ устувор аст. Ҳатто тўҳфаи пурқиматтарини шоҳро ба пеши пои Комде мепартояд. Мадан аз шоҳ тарсу ҳарос надошт. Барои Мадан шаддаи марворид арзише надорад. Ў молпарасту чизпараст нест. Аз ҳама чиз муҳимтару олитар ишқи Комдест. Ба ёди Комде менолад:

К — «Эй ҳавои ту барқи офати ман!
Шўри ман, доғи сад қиёмати ман!
Гар харобам ва гар ба ҳоли худам,
Ватановораи хаёли худам.
Он хаёлам тўӣ, ки дар ҳама ҳол,
То ба маргам фитода дар дунбол.
Бе рухат сар ба сангу по дар неш,
Сайри рўзи сиёҳ дорам пеш.
Бе чароғам, зи дарду доғ мапурс!
Мебарам доғат, аз чароғ, мапурс»!

Мадан дар роҳи ба мақсад расидан устувор буда, саъю кўшиш менамояд. Аз ин ҷост, ки ба таъқиби шоҳи золим нигоҳ накарда аз пайи ҷустуҷўи дарахти мурод меравад. Ниҳоят пас аз азобу машакққати зиёд дарахтро пайдо мекунад.Ба ҳамин тариқ, қаҳрамон ба хулосаи дуруст меояд ва мегўяд, ки дар ҳар як кор саъю кўшиш ва ҳиммати баланд, сидқу вафо лозим аст. Агар инсон ба чунин корҳо қодир бошад ва чунин сифатҳоро дошта бошад, ба мурод мерасад:

Ҳиммат он ҷо, ки бастааст камар,
Мўр бар шер бурдааст зафар!
Арақи саъйи мард дар ҳама ҳол,
Нест беобёрии иқбол.
Кўшиши мард агар қадам сояд,
Осмон бо замин ба ҳам сояд.

Бешубҳа, Мадан бо чунин хислатҳо ороста буд ва бинобар ин ба муроду мақсад расид. Ғайр аз ин, Бедил дар достони «Комде ва Мадан» ду шоҳро тасвир намудааст, ки онҳо аз рўи кирдору рафтор зидди якдигар гузошта шудаанд. Яке золиму хунхор. Барои молу мулк, савлату шавкати худ мубориза мебарад. Дигаре бошад, шоҳи одил, раиятпарвар, хайрандеш ба қалам дода шудааст. Яке мукобили ишқи поки ин ду дилдода буда, дигаре саъю кўшиш намуд, то ки ин ду ҷавонро ба мурод расонад. Аммо ин кор ба осонӣ ба шоҳи одил муяссар нагашт. Ў бо шоҳи золим ҷанг намуд ва бо мубориза ва хунрезӣ ўро мағлуб кард. Пас аз ин Комде ва Мадан ба орзу расиданд. Бедил ба ин восита таъкид кардан мехоҳад, ки бадхоҳон харгиз ба мурод намерасанд. Некӣ ба бадӣ, адолат аз болои беадолатӣ ғолиб мебарояд. Аз ин ҷост, ки Бедил аз ғалабаи шоҳи одил хеле хурсанд гашта, чунин мегўяд

Хоки он бевафо ба хун тар шуд.
Подшоҳи Мадан музаффар шуд

Санъатҳои бадеӣ дар эҷодиёти Бедил

Санъати сухан дар эҷодиёти пурбаракати Бедил бо тамоми нозукиҳояш ифода ёфтааст. Дар забон дар эҷодиёти Бедил ва тарзи ифода, истифодаи санъатҳои бадеӣ дар мероси адабии Бедил ду услубро ба хубӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Аввалан, услуби сода ва барои ҳар як хонанда фаҳмою дастрас, сониян, услуби мураккаб, душворфаҳм. Баъзан ғазалу рубоиҳои шоирро хонда, гумон мекунед, ки ин ғазал ё рубоӣ чунон содаю фаҳмост, ки гўё моли халқ бошад. Барои исботи фикр рубоии зерро мулоҳиза кунед:

Имрӯз насими ёри ман меояд,
Бўи гули интизори ман меояд.
Вақт аст, ки з-он ҷилва ба ранге бирасам,
Ойинааму баҳори ман меояд.

Баъзе рубоиёти Бедил дар байни халқ чунон машҳур гардидаанд, ки вариант пайдо намудаанд. Чунончи, Бедил мегўяд:

Ид омаду гул кард баҳори ҳама кас,
Олам чамане гўш зад аз ишқу ҳавас.
Бо ҳар ранге, ки ман назар во кардам,
Дидам, ки ба гирди сари ту мегардаду бас.

Дар байни халқ бошад, рубоии боло бо тарзи зайл шўҳрат дорад:

Ид омаду тоза шуд баҳори ҳама кас,
Ҳар сў чамане шукуфта аз ранги ҳавас.
Бо ҳар ранге, ки ман назар во кардам,
Дидам, гирди сари ту мегардаду бас.

Дар намунаҳои боло хеле шоирона ва бо санъати баланд муҳаббати поки қаҳрамони лирикӣ, иди Наврўз, оғози сол, таровату зебоиҳои он бо камоли ҳунармандӣ тасвир ёфтаанд.
Бедил дар рубоии аввал ёрашро ба баҳори нозанине монанд кардааст Дар рубоии сонӣ қаҳрамони лирикӣ аз омадани иди Наврўз, баҳори нозанин, шукўҳи табиат басо шоду масрур аст, зеро дар ҳар як ҷилою дурахши он маҳбубаашро мебинад, зебоии онро эҳсос менамояд.
Дар девони ғазалиёти Бедил ғазалҳои содаю равон кам нестанд. Ҳофизон ғазалҳои шоирро ба оҳанг дароварда, хеле марғуб месароянд. Махсусан ғазали «Эй ҳузури мақдамат дар зиндагӣ бурҳони ман» хеле самимӣ ва дилкаш ба гўш мерасад:

Эй ҳузури мақдамат, дар зиндагӣ бурҳони ман!
Мурда будам, зиндаам кардӣ, биё, эй ҷони ман!
Пеш меомад ба ҳар ҷо дар раҳат барги гуле,
Бурда буд оинае аз дидан ҳайрони ман.
Баҳри побўси ту ҳар ҷо сабзае сар мекашид,
Дошт бо худ нусхае аз касрати мижгони ман.
Интизорӣ доштам дар гўшаи вайронае,
Юсуфистон кард фазлат кулбаи эҳзони ман.
Бедил, аз сози дилу дасти тиҳӣ шармандаам,
Ҷуз дуо дигар чӣ ояд аз ману сомони ман.

Бедил дар ғазали «Асрори дигар дорад баҳор» табиати нотакрори баҳори Ҳиндустонро бисёр зебою дилкаш ба қалам додааст:

Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор,
Он чӣ дар ваҳмат нағунчад, ҷилвагар дорад баҳор.
Соате чун бўи гул аз қайди пироҳан баро,
Аз ту чашми ошноӣ он қадар дорад баҳор!
Каҳкашон ҳам поймоли мавҷи тўфон гаштааст,
Сабзаро аз хоби ғафлат чанд бардорад баҳор.
Чашм то во кардаӣ, ранг аз назарҳо рафтааст,
Аз насими субҳ доман бар камар дорад баҳор.
Аз хазон ойна дорад субҳ, то гул мекунад,
Ҷуз шикастан нест ранги мо, агар дорад баҳор.
Абр менолад, к-аз асбоби нишоти анҷуман,
Ҳар чӣ дорад, дар фишори чашми тар дорад баҳор.
Аз гулу сунбул ба назму насри Саъдӣ қонеам,
Ин маонӣ дар «Гулистон» бештар дорад баҳор,
Мў ба мўям ҳасрати заҳмат табассум мекунад,
Ҳар кӣ гардад бисмилат, бар ман назар дорад баҳор.
3-ин чаман, Бедил, на сарве асту на шамшод раст,
Аз хаёли қоматаш дуде ба сар дорад баҳор.

Бедил дар ғазали боло аз санъатҳои бадеӣ — ташбеҳ, истиора, тавсиф ва махсусан санъати талмеҳ ба хубӣ истифода бурда, ғазалро хушобуранг намудааст. Ёдовар шудани адиб аз Саъдӣ намунаи бараҷастаи санъати талмеҳ дар абиёти классикист. Аз тарафи дигар, равшан мегардад, ки Бедил ба Саъдию эҷодиёти пурбаракати ў муҳаббату самимияти бепоён доштааст. Дар байти зер ҳолати рўҳӣ, дунёи ботинии қахрамони лирикӣ хеле табиӣ ба қалам дода шудааст. Шоир барои равшан намудани ҳиссиёти ботинии ошиқ санъати тазодро мавриди истифода карор додааст.

Ба ту нақши сўҳбати мо чӣ қадар ба ҷо нишаста,
Ту ба нозу мо дар оташ, ту ба хобу мо нишаста.

Санъати тавсиф, сифатчинӣ ва муболиға дар ашъори ошиқонаи Бедил бештар мушоҳида мешаванд:

Ба сад улфат фиребам дод, аммо доғ кард охир,
Гуландоме, суманбўе, чаманранге, шарархўе.
Зи пои мўр то боли магас сад бор санҷидам,
Нашуд беэътибориҳои ман санги тарозуе.

Шоир дар байти аввал ба тарзи киноя сифатҳои маҳбубааш (гуландоме, суманбўе, чаманранге, шарархўе)-ро ба тарзи тибиӣ зикр намуда, худашро хеле дарднок ва аламзада ба қалам медиҳад. Қаҳрамони лирикӣ кӯшиш мекунад, ки сабаби беилтифотии маъшуқаашро пайдо кунад, аммо ба мурод намерасад. Гўё ў ҳама чизро аз пои мўр то боли магас санҷидааст, вале илоҷашро наёфтааст. Санъати муболиға бисёр зебо афтодааст.
Бедил зарбулмасалу мақолҳои халқӣ, панду ҳикматҳои адибони бузурги гузаштаро омўхта, аз онҳо илҳом гирифтааст ва худаш суханҳои пурҳикмате гуфтааст, ки имрўз ҳам қимату арзиши баланди тарбиявӣ доранд. Барои исботи фикр муште аз хирвор:

Ба як — ду рўза сару барги зиндагӣ маписанд,
Ки баҳри халқ пайи суди худ, зиён бошӣ.
Агар ғубор шавӣ, маҳви домани худ бош,
Чунон мабош, ки ташвиши дигарон бошӣ.
Нафас бидузду сабукрўҳ зиндагонӣ кун,
Мабод, бар дили оинае гарон бошӣ.
Гар ризои ҳақ тамаъ дорӣ, ба нафъи халқ кўш!
Ҳар ғизо к-афтад мувофиқ бо бадон, ҷонпарвар аст.
Бар ҷаловат мефизояд улфати соҳибдилон,
Меваи нахле, ки пайвандаш кунӣ, ширинтар аст.
Бе такаллуф касби хешӣ кун, ки дар девони роз,
Андаке фаҳмидан аз бисёр гуфтан хуштар аст.

Албатта, он намунаҳое, ки дар боло оварда шуданд, сода буда, барои хонандаи имрўза фаҳмидани маъниҳои онҳо чандон душвор нест. Аммо бояд эътироф кард, ки қуллаи эҷодиёти Бедил ва махсусан насраш чи дар замонашу чи дар асрҳои минбаъда ва имрўз ҳам барои хонандагони оддӣ душворгузар ва дастнорас мебошад. Аз ин рӯ, дар таърихи адабиёти тоҷику форс Бедил бо сабки хоси худ шўҳрат дорад. Ин сабк бо ду ном-Сабки Бедилӣ ё Сабки ҳиндӣ машҳур аст.

Сабки ҳиндӣ

Ҳанўз дар замони ҳукмронии Маҳмуди Ғазнавӣ (998-1030) домани шеъру шоирӣ дар сарзамини Ҳинд паҳн мегардад ва дар асрҳои минбаъда нуфузи шеъри точикӣ — форсӣ зиёд мешавад. Махсусан ривоҷи шеъру шоирӣ дар айёми салтанати Бобур Мирзою (1483-1531) авлодони вай Акбар (1556-1627), Шоҳи Ҷаҳон (1627-1658) ва Аврангзеби Оламгир (1658-1707) ба дараҷаи олии худ мерасад. Зикр кардан лозим аст, ки сабки ҳиндӣ пеш аз Бедил пайдо шуда буд ва намояндагони барчастаи он Файзии Даканӣ, Урфии Шерозӣ, Толиби Омулӣ, Абўтолиби Калим, Соиби Табрезӣ ва дигарон ба ҳисоб мераванд, ки дар инкишофу ривоҷи ин сабк саҳм гузоштаанд. Аммо Бедил хусусиятҳои ин сабкро ба воситаи эҷодиёти худ равшан намуда, сабки ҳиндиро ба дараҷаи олӣ расонд. Аз ин ҷост, ки дар таърихи адабиёти тоҷику форс ин сабк бо номи ў низ шўҳрати хосса дорад.
Шоироне, ки номашон дар боло зикр шуд, аслан аз Мовароуннаҳр, Хуросон, Эрон буданд, ки дар асри XVI ва XVII ба Ҳиндустон рафта, эҷод намуда, пояҳои сабки ҳиндиро гузошта буданд. Ғайр аз ин, адибони дигаре аз қабили Бедил, Носиралии Сарҳиндӣ, Фонии Кашмирӣ, Ғании Кашмирӣ низ буданд, ки дар сарзамини Ҳинд таваллуд ёфта, ба камол расидаанд. Маҳз онҳо дар инкишофи ҳаматарафаи сабки ҳиндӣ хизмати калон кар-данд. Пеш аз ҳама, адибон зисту зиндагонӣ, урфу одат, фолклори бойи мардуми Ҳиндро омўхта, дар асарҳои худ инъикос намуданд. Ин сабк хусусиятҳои ба худ хос дорад:
1. Шеъри шоирони сабки ҳиндӣ аз лиҳози забон сода буда, калимаю ибораҳо, таркибҳо оммафаҳманд. Хонанда калимаю ибораҳоро мефаҳмад, дарк мекунад, вале маънӣ пўшидаву душвор аст. Аз ин рў, кас дар дарк намудани мазмун ва ғояи асар душворӣ мекашад. Барои равшан гардидани масъала ба тариқи муқоиса як мисол меорем. Саъдӣ дар байти зер нозу истиғнои маҳбубаашро тасвир намуда, чунин мегўяд:
Дидор менамоию парҳез мекунӣ,
Бозори хешу оташи мо тез мекунӣ.

Мазмуну ғояи байт барои ҳар хонанда фаҳмою дастрас аст. Шоир гуфтан мехоҳад, ки худатро (маъшуқаашро дар назар дорад) як ҷилва медиҳию ғоиб мешавӣ ва бо ин амалат дар дили қахрамони лирикӣ оташ меафканӣ. Ин намуна бо сабки шоирони пешин ё сабки хуросонӣ эҷод шудааст. Ана ҳамин маъниро Соиб дар байти зер ба тарзи зайл додааст:

Зи пуркорӣ назар мепўшад аз ушшоқи савдоӣ,
Дўкондорест дар ҷўши харидорон дўкон бастан.

Дар ин байт калимаю ибораҳо содаю фаҳмоянд, аммо маънии онҳо пўшидаву душвор аст. Дар мисраи аввал «пуркорӣ», «назар мепўшад» киноя аз озу истиғно, дидаю дониста худро ба нодонӣ задан буда, «ушшоқи савдоӣ» бошад, ошиқи бечораю девонаро, ки дар ғами ў ба ин дараҷа расидааст, дар назар дорад. Мисраи дуввум ирсолулмасал буда, ба тариқи тамсил ҳолати ошиқу маъшукро ба дўкондору харидор монанд кардааст. Аз ин ҷост, ки барои дарк намудани чунин байтҳо бояд хонанда амиқтар фикру андеша кунад.
Ин хусусиятҳо дар эҷодиёти Бедил бисёр барҷаста ба назар мерасанд. Барои фаҳмидани абёти Бедил дониши мукаммал бояд дошт. Танҳо донистани забону адабиёт кифоя нест. Илмҳои таърих, нуҷум, баёну калом ва ғайраро донистан муҳим аст. Илова бар ин, урфу одат, нақлу ривоятҳои таърихӣ, динию мазҳабии мардуми ҳинд ва дини исломро пурра аз худ кардан ба мақсад мувофиқ аст. Чунончи, рубоии зерини Бедилро гирем:
Бар одами бечора ба ғайр аз мурдан,
3-ин варта маҳол аст саломат бурдан.
К-аз хўрдани гандум он чӣ дирўз кашид,
Имрўз ҳамон мекашад аз нохўрдан.

Дар ин рубоӣ Бедил ба ҳаёти пурмашаққати миллионҳо деҳқонони қашшоқ, гадоёни гурусна, ки дар рўзгори шоир дар Ҳиндустон зиндагӣ мекарданд, ишорат мекунад. Байти аввалии рубоӣ барои хонанда фаҳмост. Адиб мегўяд, ки одамони қашшоқ аз ин қашшоқӣ илоҷи халосӣ надоранд. Танҳо марг онҳоро аз ин варта халос мекунад. Байти сонӣ тақвияти фикри болост. Дар ин байт санъати талмеҳ, тазод, тамсил бо ҳам омезиш ёфта, маъноро душвортар кардаанд, Бедил дар байти сонӣ ба ривояти Ҳазрати Одам, ки дар Биҳишт гандумро хўрда, аз Биҳишт ронда мешавад, ишорат кардааст ва ин ривоятро бо ҳаёти қашшоқонаи мардумони Ҳинд ҳамчун тазод муқобил гузоштааст. Яъне Бедил гуфтан мехохад, ки агар Одам гандум хўрда аз Биҳишт ронда шуда бошад, пас ин мардум аз гуруснагӣ, аз нахўрдани гандум ба ҳалокат расида истодааст.

Таъсири сабки ҳиндӣ ё бедилизм ба адабиёти асрҳои минбаъда хеле зиёд аст. Ҳанўз дар замони Бедил муқаллидони эҷодиёти ў кам набуданд. Махсусан шоирони асрҳои XVIII ва XIX Мирзо Содиқи Муншӣ, Муҳаммадшарифи Шавқӣ, Парии Ҳисорӣ, Ҳасрати Ҳисорӣ, Қонеи Насафӣ, Гулмуҳаммади Афғон ва дигарон ба Бедил пайравӣ карда, дар ҷавоби ғазалу мухаммас ва рубоиёти ў назира гуфтаанд. Вале бояд гуфт, ки тақлиди онҳо бештар дар шаклу услуби шеъри Бедил буд. Аксарияти тақлидкунандагон мазмунҳои фалсафию иҷтимоии абёти шоирро сарфи назар кардаанд ва ё дуруст дарк карда натавонистаанд.
Шоирони ибтидои асри XX Асирӣ, Туғрал ва Ҷавҳарӣ бо муваффақият Бедилро пайравӣ намуданд. Зуфархон Ҷавҳарӣ, ки соли 1945 вафот ёфт, охирин намояндаи сабки ҳиндӣ буд.
Хулоса, дар Мовароуннаҳру Хуросон ва Ҳиндустону Эрон дар тўли 350 сол ҳазорон шоирон ба эҷодиёти Бедил тақлид карданд, пайравӣ намуданд. Вале ягонтои онҳо ба дараҷаи Абулмаонӣ нарасиданд. Дар ин бора устод Айнӣ ҳаққонӣ менависад: «Аз шоирони ин сарзамин бисёр касон Бедилро тақлид кардаанд, лекин ҳатто забардасттаринашон ҳам санъати худро ба ин шоири нозукхаёл расонида натавонистанд».

источник

Дар дунёи ислом шахсиятҳои бузурге нидои озодӣ ва адолатхоҳӣ сар доданд ва мардумро ба бозгашт ба исломи ростин ва мубориза бо ситам даъват кардаанд. Яке аз ин шахсиятҳо, шаҳид Сайид Қутб аст.

Зиндагинома

Сайид Қутб дар соли 1906 дар рӯстои Муша аз тавобеъи Асюти Миср, ки ба рустои Абдулфаттоҳ низ муъруф аст, дида ба ҷаҳон гушуд. Падараш Ҳоҷ Қутб Иброҳим, аз мӯҳтарамон ва фаъолони иҷтимоъии маҳалли худ буд. Даврони ибтидоиро дар ҳамон русто гузаронд ва аз кӯдакӣ ба омӯхтани Қуръон пардохт. Вай дар синни 10-солагӣ ҳофизи Қуръони Карим шуд. Аз он ҷо, ки падараш узви ҳизби «Ал-ивоъ» буд, ҳар ҳафта ҷаласоти баҳсу баррасии масоили муҳимми Миср ва ҷаҳони ислом дар манзилаш баргузор мегардид, ки вай низ ба таври фаъол ширкат дошт. Дар инқилоби 1919­и Миср, дар ҳоле ки беш аз 13 сол надошт, вай низ ҳамроҳи падар барои мардум суханронӣ мекард. Дар соли 1920 барои таҳсил ба Қоҳира рафт ва дар синни 16-солагӣ вориди Донишгоҳи Абдулъузайр ва пас аз он ба Донишгоҳи Дорулулум роҳ ёфт. Пас аз итмоми таҳсил, ба истихдоми вазорати таълиму тарбият даромад.

Ӯ нависандае наққод буд. Ибтидо румоне ба номи «Ашвок» (Хорҳо) навишт ва дар соли 1939 корманди вазорати маорифи Миср муаррифӣ шуд. Барои таҳсил дар бораи низомҳои омӯзишӣ, байни солҳои 1948 то 1950 бо бурсияи таҳсилӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Омрико рафт ва мадраки коршиносии аршади худро аз онҷо дарёфт кард.

Давлати Миср аз эъзоми Сайид Қутб ба Омрико ду ҳадафро дунбол мекард:

1. Сайид Қутб аз ҷомеаи илмӣ ва фарҳангии Миср дур шавад, то дигар натавонад азҳони умумиро мутаваҷҷеҳи ҳаракати исломӣ кунад;

2. Дар муддати иқомати худ дар Омрико таҳти таъсири фарҳанги ғарб қарор гирад.

Сафари ӯ ба Омрико на танҳо вайро аз ҳадаф ва ормонҳояш дур накард, балки мусаммамтар шуд, то бо падидаи истеъмор биҷангад.

Аввалин асари назарии муҳимми худ дар ҳавзаи нақди иҷтимоъиро ба номи «Адолати иҷтимоъӣ дар ислом» дар хориҷ аз кишвар дар соли 1949 мунташир кард. Ӯ дар Омрико аз масоиле монанди нажодпарастӣ, моддигароӣ, озодии фардӣ, низоми иқтисодӣ, ибтизол, мамнӯъият, талоқ, ихтилоти ҳайвонии ҷинсиятҳо ба шиддат интиқод мекард.

Сайид Қутб дар соли 1953 аз хадамоти давлатӣ истеъфо дод ва ба Ихвонул­муслимин пайваст. Вай дар ин давра ҳамзамон бо оғози тафаккур дар бораи ҳаракати исломӣ ва инқилобӣ бо нашриёте чун «Алкитобул­мисрӣ» ҳамкорӣ дошт. Мақолоти ӯ, дар мавриди интиқод аз истеъмор ва ҳамкории давлат бо онон ва ҳамчунин ба манзилаи даъвати мардум барои инқилоб, ташкили ҳукумати исломӣ ва тағйири ҳокимият буд.

Дар воқеъ ҷамъияти Ихвонул­муслимин муҳимтарин ҷамъият ё ташаккули исломии арабӣ буд, ки алайҳи истеъмор ва истибдод фаъолият дошт. Ин ҷамъият, ки дар солҳои 1939 то 1969 фаъолияти сиёсии шадиде дошт, дар бештари кишварҳои арабӣ фаъол буданд. Вале мағзи аслии он дар Миср ва поягузори бунёдини ин ҷамъият Ҳасанул-Банно буд.

Яке аз дағдағаҳои муҳимми ҷамъияти Ихвонул­муслимин, масъалаи Фаластин буд, то ҷое, ки дар соли 1948 ин ҷамъият ба кӯмаки миллати Фаластин шитофт. Мақолоти тунду сареҳи Сайид Қутб боис шуд, ки дар соли 1954 дастгир ва аз сӯи давлати Носир ба 15 сол зиндон маҳкум шавад, ки дар зиндон тафсири «Фи зилолил Қуръон«­ро навишт. Баъд аз 5 сол, ки дар зиндон буд мариз шуд ва ин маризӣ сабаб гардид раҳбарони Ихвонул­муслимин аз Абдуссалом Ориф, раисиҷумҳури вақти Ироқ, ҷиҳати озодии ӯ аз давлати Миср висотат намояд, ки Ориф ҳам висотат кард ва Сайид Қутб озод шуд.

Пас аз озодӣ аз зиндон, муҷаддадан ба фаъолиятҳои инқилобии худ алайҳи давлат идома дод, то ин ки дар соли 1965 дубора дастгир ва зиндонӣ шуд. Гурӯҳҳои кумунистии Миср, ки ба шиддат бо афкори Сайид мухолиф буданд, бар давлат фишор ворид намуданд, то ин ки Сайид эъдом шавад. Натиҷатан дар торихи 9 августи 1966 ба фармони Ҷамол Абдунносир ба иттиҳоми тавтиъа алайҳи режими Носир муҳокима ва эъдом гардид.

Андешаи Сайид Қутб

1. Дар андешаи Сайид Қутб, сабаби инҳитоти ҷомеаи исломӣ, ҷудоии ҳукумат аз ҳикмат аст, ва ормони Сайид ҳам пайванди ҳукумат бо ҳикмат буда ва роҳи ҳалли ӯ низ, бозсозии ҳукумати исломӣ мебошад.

Сайид Қутб марди андеша буд ва кӯшид, андешаи сиёсии хешро дар Миср ба иҷро дароварад, зеро мӯътақид буд, дар ҷомеае, ки давлати исломӣ надорад, ба ислом амал намегардад, ҳудуд ва дастуроти ислом нодида гирифта мешавад ва бо ақидаи мусалмонони воқеӣ мухолифат мегардад. Чунин ҷомеае ҷоҳил ва дорулҳарб аст.

Аз назари Сайид Қутб, вазифаи мусалмонон дар муқобили чунин ҷомеае, даст задан ба ҷанги озодибахш барои барандозии давлат аст, ва агар ҷанги озодибахш мумкин набошад, чорае ҷуз тан додан ба сулҳи давлати ҷоҳилӣ вуҷуд надорад.

Аз дидгоҳи Сайид Қутб, ҷомеа ба ду навъи ҷоҳилӣ ва исломӣ тақсим мешавад. Ӯ дар ин замина мегӯяд: «Имрӯз дар ҷоҳилияте ба сар мебарем, ки ҳангоми зуҳури ислом вуҷуд дошт. Балки ториктар аз он, тамомии ончи дар атрофи мост ҷоҳилӣ аст. Вазифаи мо ин аст, ки аввалан таҳаввуле дар даруни худ ба вуҷуд оварем, то бар асоси он битавонем ҷомеаро дигаргун кунем

Пас, аз дидгоҳи ӯ ҷомеаи ҷоҳилӣ, ҷомеае аст, ки ба ислом амал намекунанд ва ҷомеаи исломӣ, ҷомеае аст, ки дар тамомии абъоди ақида ва ибодат, шариъат ва аҳком, сулук ва ахлоқи исломӣ дар он муҳаққақ ёфтааст.

Бӯҳрони дигаре, ки дар андешаи Сайид Қутб вуҷуд дошт ва ҷомеаи исломиро ба инҳитот мекашонд, истеъморгарон буданд. Омрико, Ангилис, Фаронса ва дигар кишварҳои истеъморгар боиси озор ва шиканҷаи муслимин шуданд. Ба ҳамин далел ӯ мӯътақид аст, ки ҳар гуна муъоҳида ва ҳамкорӣ бо онҳо номашрӯъ аст ва албатта мардуми мусалмон ҳақ надоранд, ки дар амали номашрӯъе бо давлат ҳамкорӣ кунанд, балки бояд ба ҳар василае, ки мақдур бошад, давлатро аз иртикоби ҳар алами ҳароме боздоранд.

Сайид Қутб нисбат ба ҷунбиши яҳуд ва саҳюнизм шадидан бадгумон буд ва онро омили инҳитот ва ақибмондагии мусалмонон медонист.

Сайид Қутб офати бузурги ҷавомеъи исломиро миллигароӣ медонист ва мӯътақид буд, то ваҳдати мусалмонони ҷаҳон ҳосил нашавад, империёлизми ғарб бар манобеъи молии мусалмонон дар муқобили ваҳдати онон қарор хоҳад гирифт. Дар воқеъ, ин андешаи ӯ, дар муқобили андешаи носюнолизми арабии Ҷамол Абдунносир қарор дошт.

Сайид Қутб ҳамонанди Сайидҷамолуддини Асадободӣ бар марзи ҷуғрофиёии маҳдуд эътиқод надошт ва мӯътақид буд, ҳар ҷо мусалмоне ҳаст, он ҷо қаламрави ислом аст. Ҳатто ӯ дар ҷараёни миллӣ шудани санъати нафт дар Эрон, тайи номае ба Оятуллоҳ Кошонӣ, аз ин тафаккур ҳимоят кард.

2. Чунон ки гуфта гузаштем, Сайид Қутб ҷудоии ҳукумат аз ҳикматро иллати аслии ақибуфтодагии ҷомеаи исломӣ медонист. Сайид Қутб мӯътақид буд, ки бояд тамаддуни ислом дубора эҳё шавад. Ислом, барои имрӯз ва фардои навъи башар ва бозёбии арзиш ва шарафи ростини он, дорои ҳадаф ва барномае аст, то башар баландии мақом ва улувви мартиба ёбад ва аз ҷоҳилият ва зиндагии ҷоҳилӣ, ки ӯро дар марҳилае аз хорӣ ва пастии ҳайвонӣ нигоҳ дошта, наҷот диҳад. Ҳол фарқе надорад, ки зиндагии миллатҳои пешрафтаи санъатӣ ва моддӣ, ё зиндагии асри ҷоҳилии милал ақибмонда бошад.

Инсон ҳаргиз ба ҳадафи аслӣ, ки ба он ишора шуд, нойил нахоҳад омад магар замоне ки тамаддуни исломӣ поягузорӣ шавад. Бинобар ин, лозим аст ончиро, ки бад-он ба унвони «тамаддуни исломӣ» таваҷҷӯҳ ва имон дорем рӯшан гардад, ва расидан ба тамаддуни исломӣ дар сояи амал ба мафоҳими дурусти исломӣ мебошад, ки дар он сурат инсон метавонад аз тасаллут ва чирагии авзоъи иҷтимоъӣ раҳоӣ ёбад ва худро аз чирагии муҳит наҷот диҳад.

Аз диди Сайид, мӯъмин метавонад бо истифода аз идеулужии ислом бикӯшад то дар тамоми заминаҳо, асли хилофат ва ҷонишиниро муҳаққақ сохта ва амонатдори илоҳӣ бошад. Дар ҳоле ки дар ҷомеаи ҷоҳилӣ (ки ба аҳкоми ислом амал намешавад), ӯ дар сарзамине, ки ҳаргиз ба ӯ имкони пешрафт дар чунин арсаеро намедиҳад, дастбаста ва маҳкум аст. Тамаддуни исломӣ, на танҳо бо ҳеч пешрафте мухолиф нест, балки мумкинтарин роҳ барои зисти инсонӣ дар ҳар макон ва ҷомеаеро дар дастрасӣ қарор медиҳад.

Сайид Қутб мӯътақид аст, бояд ҳикматро аз тариқи ҷомеа ҳамвор кард, то битавон бар мушкилот фоиқ омад. Азму иродаи Сайид Қутб барои бозгашт ба садри ислом ва ташкили ҳукумат бар асоси ҳикмат будааст, ва ҳикмат ҳамон усули исломи набавӣ аст.

3. Сайид Қутб пайванди ҳикмат бо ҳукуматро ормони худ медонад. Аз ин тариқ тафовути байни ҷомеаи ҷоҳилӣ ва ҷомеаи фозила рӯшан мешавад. Вақте ҳукумат бар асоси ҳикмат бошад, амал ба аҳкоми ислом айнӣ мешавад ва замина барои мубориза бо истикбор ва истеъмор фароҳам мешавад; ба ҳамин далел, Сайид Қутб ба ҳукумати Миср, ки дорои афкори носюнолизми арабӣ аст, ба далели набуди ҳикмат, метозад.

Вай мегӯяд: «Агар раҳбарони Миср дар изҳори имон ба ислом содиқанд, бояд тамоми ақоиди ғайриисломӣ назири сусиёлизмро ба дур афкананд; зеро ислом бо сусиёлизм ҳеч созише надорад. Ба иборате, сусиёлизм бар тасаввуроте чун рифоҳи иҷтимоъӣ ва хушбахтии моддӣ такя мекунад ва аз растгории маънавӣ ғофил аст, вале ислом ҳаргиз аз ҳамбастагиҳои моддӣ ва маънавии башар ғофил набудааст. Ва билъакс, манобеъ ва имконоти лозимро барои созгорӣ бо авзоъу аҳволи ҷадиди иҷтимоъӣ дорад

Итоат аз назари Сайид, ба маънои итоат аз ҳар касе ки бар мансаби аморат такя мезанад, нест. Ба ин маъно, ки итоат аз ҳоким ба далели ҳоким будани вай зарурӣ нахоҳад буд, балки итоат аз ӯ дар сурате ки ҳоким аз қавонини ислом пайравӣ менамояд, воҷиб аст. Чунончи ҳокими исломӣ аз қонуни илоҳӣ удул кунад, ба ҳеч ваҷҳ шоистаи итоат нест ва дастуроташ набояд иҷро шавад.

4. Роҳи ҳал ё дармони бӯҳрон дар андешаи Сайид Қутб: Сайид дар китоби «Маъолиму фит тариқ» (Нишонаҳои роҳ), пас аз тақсими ҷомеа ба ҷоҳила ва фозила, роҳи ҳалли дармонро дар ташкил ё бозсозии ҳукумати исломӣ, ҳукумате, ки шариатро иҷро кунад, медонад. Ӯ илова бар мабоҳиси пурбори худ дар боби ойин ва адолати исломӣ, дар табйини шеваи ҳукумати исломӣ бар пояҳои ҳукумати исломӣ, низоми молии ҳукумати исломӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҳукумати исломӣ ва ғайра ишора кардааст ва бо нигоҳи зираконааш тамомии ин маворидро баён карда ва ба гумони худ матлаберо фурӯ нагузоштааст.

Аз тарафи дигар, дар давлате, ки Сайид Қутб мезист, афкори чапгарона ба авҷи худ расида буд. Дар ин давра ҷавонон бидуни огоҳӣ аз кунҳу воқеъияти исломӣ фиреб мехӯрданд ва ҷазби шиъорҳои инқилобии кумунистҳо шуданд. Сайид Қутб дар ин мақтаъ низ ба вазифаи худ амал карда ва афкори кумунизмро таҷзия ва таҳлил ва нақд кард, ки бисёр ҳам муфид будааст. Ҳамчунон ки дар ин баррасӣ хоҳем дид, Сайид Қутб ба хотири дидгоҳи хосси мазҳабиаш, ба баҳс дар бораи ҳукумати исломӣ мепардозад. Сайид Қутб дар заминаи зарурати вуҷуди давлат сӯҳбате ба миён наёварда ва танҳо тавзеҳ медиҳад, ки чаро бояд аз байни тамоми ҳукуматҳо, ҳукумати исломӣ дошта бошем.

Сайид Қутб зимни ишора ба ин матлаб, ки ҳар низоме бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти давраи худ ба вуҷуд меояд ва дар воқеъ ҳар низоме бояд посухгӯи ниёзҳои иҷтимои худ бошад ва ҳамчунин аз ойини исломӣ ва адолати исломи чунин мегӯяд, ки: «Нахуст як ҷомеаи исломӣ, ки дар он қавонин ва усули исломӣ ҳукмфармо бошад, ташкил диҳед, он гоҳ хоҳед дид, ки ислом чӣ гуна ҳукумат хоҳад кард

Аз дидгоҳи Сайид, ҳокимият ва ҷомеаи мутамаддин, дорои шиш вижагӣ аст:

1. Ҷомеае мутамаддин аст, ки дар он Худо ба танҳоӣ ҳоким аст. Ин ҳокимият дар бартарӣ ва иҷрои шариат мутамассил аст ва ин танҳо дар сурате аст, ки башар дар он аз убудияти афроди дигар комилан ва ҳақиқатан озод мешавад. Албатта ин шариат фақат дар аҳкоми қонунӣ хулоса намешавад, балки ба арзишҳо ва мавозин, одот ва тақолид низ бармегардад.

2. Ҷомеае мутамаддин аст, ки иҷтимоъ дар он бар асоси ақида, ойин, андеша ва роҳи зиндагонӣ бошад ва ин умур ҳамагӣ аз маъбуде воҳид содир шуда бошанд, ва аммо агар ҷомеа бар асоси нажоду рангу қавмият ва маҳдудаи ҷуғрофиёӣ иҷтимоъ карда бошанд, чунин ҷомеае мутамаддин нест. Ва танҳо ҷомеае, ки бар асоси ақида ва андеша шакл гирифтааст, иҷтимоъи исломӣ аст.

3. Ҷомеае мутамаддин аст, ки дар он инсонияти инсон, волотарин арзишро дошта бошад ва хусусиёти инсон дар он мӯҳтарам шумурда шавад.

4. Ҷомеае мутамаддин аст, ки арзишҳо ва ахлоқи инсонӣ дар он барқарор шуда бошад ва ин арзишҳои ахлоқӣ дар чунин ҷомеае нисбӣ нестанд.

5. Ҷомеае мутамаддин аст, ки дар он асоси иҷтимоъ бар пояи хонавода ва ин хонавода бар асоси тахассуси завҷайн дар амал бино шуда бошад.

6. Ба таври куллӣ, ҷомеае мутамаддин аст, ки инсон дар он ба сурати саҳеҳ вазифаи халифаи илоҳии худро анҷом диҳад.

Сайид мӯътақид аст, ки дар пешрафт ва ихтироъоти моддӣ, танҳо маънои тамаддун нест, балки аз дидгоҳи ислом, тақаддуми моддӣ ва ахлоқӣ ҳар ду бо ҳам маънои тамаддун дар ислом аст. Пас, аз дидгоҳи Сайид ҷомеае, ки мутамаддин бошад, ҳамон иҷтимоъи исломӣ аст ва ҷомеае, ки мутамаддин набошад, иҷтимоъи ҷоҳилӣ аст.

Ба назари вай, иҷтимоъи ҷоҳилӣ, иҷтимоъе аст, ки танҳо барои Худованд бандагии маҳз намекунад. Вай сипас натиҷа мегирад, ки бо ин таъриф, дар ҳоли ҳозир, тамомии иҷтимоъҳо ва ҳукуматҳои мавҷуд ҳамагӣ иҷтимоъи ҷоҳилианд.

Албатта вай баён мекунад, ки дар таърифи иҷтимоъи ҷоҳилӣ чӣ ҳукуматҳое мегунҷад. Бар асоси назари вай, тамомии иҷтимоъҳои кумунистӣ, яҳудӣ ва насронӣ дар ин таъриф қарор дорад. Зеро ойини эътиқодии онҳо таҳриф шудааст ва дар ниҳоят ин ки тамомии иҷтимоъҳое, ки зоҳиран мусалмонанд низ ҷоҳиланд, зеро танҳо Худоро ибодат намекунанд.

Пас, ислом ба ановин таваҷҷӯҳ надорад, балки ба воқеъияти ҳар низом ва иҷтимоъе таваҷҷӯҳ мекунад. Пас агар ҷомеае хусусиятҳои мазкурро дошта бошад, ҷомеае ҷоҳилӣ ба шумор меравад. Ҳарчанд исми ислом бар худаш бигузорад.

Сайид Қутб дар посух ба ин пурсиш, ки чаро ислом танҳо роҳи ҳукумат аст, баён мекунад, ки:

1. Танҳо Ислом аст, ки ҳам ба фикри ватанхоҳӣ ва ҳам ба фикри адолати иҷтимоъӣ аст ва ин ду фикр дар як ҷо таҳаққуқ мебахшад бидуни он ки муоризи якдигар бошад.

2. Танҳо шариати исломӣ қодир аст, ки ба шароити зиндагии имрӯзӣ ҷавоби мусбат диҳад ва бо пешрафт ва таҷаддуди ҳаёти башарӣ ҳамоҳанг бошад. Роҳе, ки мо ба сӯи он даъват мекунем, танҳо роҳе аст, ки зомини зиндагии шарифтар ва гаронбаҳотаре барои ин уммат аст.

3. Бояд ислом ҳукумат кунад; зеро ислом ягона ақидаи мусбат ва ҳаётдиҳанда аст ва дар уфуқе болотар аз масеҳият ва ҳукуматҳои кумунистӣ қарор дорад, зеро масеҳият даврони худро тай кардааст.

4. Билохира ислом бояд ҳукумат кунад; зеро ислом ҳам ба моҳият ворид буда ва ҳам ба табиъати зиндагонӣ ошнотар аст. Шоҳиди мо ин ояти Қуръон аст, ки «…Ҳар кас бар хилофи ончи фирисота ҳукм кунад, чунин касе аз кофирон хоҳад буд» (Моида, 44). Натиҷа ин ки бояд ҳукумате бошад, ки пас аз он ҳукумат ба қонунсозӣ ва назарияпардозӣ машғул шавад. Сайид дар исботи муддаои худ мисоли ҷолибе меоаварад ва он ин ки мусалмонон то замоне ки дар Макка буданд, чун ҳукумате надоштанд, Худованд Қуръонро тадриҷан нозил мекард. Оёте барои ҳукумат ва қонунгузорӣ ва умури дигар нозил намекард аммо замоне ки мусалмонон соҳиби давлат шуданд, яъне замоне ки дар Мадина ташкили ҳукумат доданд, он замон буд, ки оёте барои рафъи мушкилоти низоми исломӣ аз тарафи Худованд нозил шуд.

Нақшу ҷойгоҳи мардум дар ҳукумати исломӣ аз назари Сайид Қутб

Аз назари Сайид Қутб нақши мардум дар низоми сиёсии ислом (Сайид Қутб шӯроро навъи ҳукумати қатъии ислом медонад) ин аст: ки муҷриёни шариатро интихоб кунанд, аммо касе ки ба иҷрои қонун иқдом мекунад, қонунгузор нест ва танҳо муҷрӣ аст. Ӯ ҳаққи иқдом ба иҷро аз тариқи интихоби мардумро ба даст меоварад, вале итоат аз шахси ӯ нест, балки итоат аз шариати Худост, ки вай ба иҷрои он иқдом кардааст ва дар сурати таҷовуз аз шариати Худо, ҳаққи итоат бар мардумро надорад. Пас агар ихтилофе бар сари яке аз умури иҷроӣ падид омад, ҳукми масъала ҳамон аст, ки шариат гуфтааст.

Вай дар ҷои дигар вижагии низомҳои илоҳиро бармешуморад ва ба адами инҳисори ҳукумат ба дасти гурӯҳу ашхоси муъайян ва баробарии мардум дар ҳуқуқ ишора мекунанд: «Мо ба низоме фаро мехонем, ки дар он ҳокимият танҳо азони Худост ва ба ин тартиб барои фарде аз башар вазифа ва ҷамоате муайян баробарии ҳақиқӣ барқарор намешавад. Дар чунин ҳукумате ҳоким, ҳуқуқе фузунтар бар ҳуқуқи фарди оддии мардум, шахсияте болотар аз сатҳи қонун, маҳкамаҳои вижае барои мардум ва маҳкамаҳои вижае барои вазирон ё ғайри вазирон вуҷуд надоҳад дошт. Дар чунин низоме ҳокими кул бо ҳар кадом аз афроди мардум дар баробари дастгоҳи қазоӣ бидуни табъиз ва бартарӣ хоҳад истод. Мо ба низоме фаро мехонем, ки ҳамаи шаҳрвандонро аз ҳаққи умумӣ, сарватҳои умумӣ бархӯрдор кунад, зеро молики аслии ин сарват ҷамоат (ҷомеа) аст, ки ба ҷонишинии Худо молики он шудааст

Роҳкорҳои амалии Сайид Қутб

Сайид бо шинохт ва дарке, ки аз ислом дорад, роҳи мубориза ва ҷиҳодро матраҳ мекунад. Ӯ мӯътақид аст, усулан ислом дар ҷавҳари худ, ҷунбиши озодибахше аст, ки нахуст дили афрод ва сипас иҷтимоъоти башариро ислоҳу озод месозад. Аз назари Сайид Қутб, имкон надорад, ки мардум исломро ба унвони ақида ва тариқ бипазиранд, вале зулму ситам ва ҷиноятро ҳарчанд дар қолаби қонуну низом бошад, қабул кунанд.

Мубориза ва ҷиҳоде, ки Сайид Қутб матраҳ мекунад, барои тағйири вазъи мавҷуд, ҷанбаи ислоҳӣ ба маънои хосси калима надорад, балки ин ҷиҳод бояд қабл аз бинои ҷомеаи матлуби исломӣ ба дигаргунии ҷавомеъ бипардозад.

Ӯ дар китоби «Маъолиму фит тариқ«, мекӯшад тарҳи худро мутобиқи улгуи Паёмбари Ислом (с) дар табдили тағйири ҷомеаи ҷоҳилӣ ба ҷомеаи исломӣ ва густариши он бозсозӣ намояд. Ба эътиқоди ӯ, бояд ибтидо як пештоз пайдо шавад, то растохези кишварҳои исломиро ба зарурат табдил кунад ва ба дунболи он дер ё зуд ба зери сайтараи ислом дархоҳад омад.

Сайид Қутб ду марҳиларо аз таваллуди пештоз то истиқрори ҷомеаи исломӣ мушаххас менамояд. Марҳилаи аввал, булуғи маънавӣ аст, ки зимни он пештоз ва афроди мӯъмин пиромуни ӯ бо тамаркуз бар Қуръон нуфуз ва таъсири ҷоҳилиятро аз руҳи худ мезудоянд, ва марҳилаи дуввум, марҳилаи набард алайҳи ин ҷомеаи ҷоҳилӣ аст. Мафҳуми ҷиҳод, тамомии ин ҷараёнро аз талоши фардӣ гирифта то тафаккур дар бораи Қуръон ва муборизаи мусаллаҳона дарбар мегирад.

источник

Яке аз чеҳраи гиромиву шинохтаи санъати хореографии тоҷик Ғаффор Валаматзода 9-уми майи соли 1926 дар шаҳри Хуҷанд дида ба олам кушодааст. Пас аз хатми омӯзишгоҳи мусиқӣ-театрии шаҳри Хуҷанд то соли 1934 дар Театри мусиқии Ўзбекистон ба ҳайси артисти балет фаъолият менамояд. Солҳои 1934 – 1939 ҳамчун артисти балет ва балетмейстри Театри мусиқии Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ кор мекунад. Аз 1939 то соли 1945 вазифаи солисти балет ва балетмейстри Театри опера ва балети Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Соли 1934 дар Тоҷикистон Театри мусиқӣ таъсис меёбад ва Ғаффор Валаматзодаро барои идома додани фаъолияти кориаш ба ин Театр, ки номи Лоҳутиро гирифта буд, даъват мекунанд. Оғози кор дар саҳнаи театр душвориҳо дошт. Ғаффор Валаматзода ва ҳунарпешагони театр дар назди худ вазифа гузоштанд, ки барои таҳия ва ба маърази тамошобинон гузоштани асари саҳнавӣ, ба вижа рақси тоҷикӣ, зарур аст, ки дастовардҳои эҷодиёти халқро мавриди омўзишу таҳқиқ қарор диҳанд. Дар он айём рақси тоҷикӣ пурра мавриди омўзиш қарор нагирифта буд. Ин вазъият санъаткорони ҷавонро водор сохт, ки ба ноҳияву деҳаҳои дурдасти ҷумҳурӣ сафар намуда, ба хусисиятҳои хоси намудҳои мухталифи эҷодиёти халқ, аз қабили эҷодиёти ҳаваскории бадеӣ, ҳунарҳои мардумӣ аз наздик ошно шаванд.
Таваҷҷўҳи онҳоро бештар таърихи пайдоиши рақсҳои қадимаи мардумӣ, алоқамандии онҳо ба таърих, урфу одат, расму оини маҳал, истифодаи нақшу нигори миллӣ дар бойгардонии мазмуни рақс, тарзу усул ва хусусиятҳои хоси иҷроиши рақсҳо ба худ ҷалб карданд.
Метавон гуфт, ки санъаткорони ҷавон ба мақсади худ расиданд. Онҳо тавассути ба намоиш гузоштани барномаҳои ҳунарӣ, мулоқоту вохўриҳо бо пиронсолони деҳот, омўзиши фаъолияти дастаҳои худфаъолиятии ҳунарии маҳалҳо тавонистанд маводи зиёди заруриро барои бунёду таҳияи намоишномаҳои нави мусиқӣ-хореографӣ ҷамъ оваранд. Ин мавод ҳамчун манбаъи нодир дар таҳияи силсилаи рақсҳои миллии тоҷикӣ барои намоишномаҳои «Восеъ» (с. 1937, бо ҳамкории М. Файзибоева), «Лола» ва «Шўриши Восеъ» (с. 1939, бо ҳамкории А. Исломова ва А. Проценко) мавриди истифода қарор гирифтанд.
Моҳи марти соли 1940 Ансамбли тарона ва рақси тоҷикӣ таъсис меёбад, ки дар ҳайати он 75 нафар мутрибону ҳофизон ва раққосон аз тамоми гушаву канори ҷумҳурӣ шомил буданд. Ҳайати ансамбл наздик ба 100 асарҳои классикию халқӣ, қадимаю нави вокалӣ ва хореографӣ ҷамъ намуда, онҳоро такмил доданд ва ба Даҳаи санъати тоҷик дар Маскав пешниҳод намуданд, ки дар ин кор саҳми Ғаффор Валаматзода хеле калон аст.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ чун ҳодисаи бузурги таърихӣ ба тамоми ҷабҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа таъсир расонид ва тақозо намуд, ки ҳар як фарди ватанхоҳ фаъолияти хешро ба шароити замони ҷанг мувофиқ созад. Аз ин рў, дар репертуар ва барномаҳои консертии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Филармонияи давлатии Тоҷикистон намоишномаҳо, сурудҳо, рақсҳои халқӣ ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ ворид карда шуданд, ки бозгўкунандаи вижагиҳои давраи ҷанг буданд.
Ғаффор Валаматзода ҳамчун устоди рақс дар таҳия ба саҳнагузории намоишномаҳои солҳои ҷанг, аз қабили «Ду гул» (с. 1941), «Розия» (26 декабри соли 1942) «Тоҳир ва Зўҳро» (5 декабри соли 1944) саҳми муносиб гузоштааст. Ў на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар майдонҳои ҳарбу зарб ва дар байни ҷанговарони тоҷик бо барномаҳои ҷолиби консертию ҳунарӣ, ки қаблан тарҳрезӣ шудабуданд, ҳунарнамоӣ карда, сазовори таҳсину эҳтиром гаштаст.
Метавон гуфт, ки нимаи дуюми солҳои сиюм ва нимаи якуми солҳои чилум барои Ғаффор Валаматзода солҳои воридшавӣ ба олами беканори санъати хореографӣ, омўзишу таҳқиқ ва нишон додани истеъдоди баланди касбӣ дар ҷодаи интихобкардааш маҳсуб меёфтанд. Маҳз ҳамин истеъдоди баланди касбиаш ба ў имконият дод, ки ҳамчун устоди рақс дар таҳияю ба саҳнагузории аввалин намоишномаҳои Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ, аз қабили «Восеъ», «Лола», «Шўриши Восеъ», «Ду гул», «Розия», «Таҳмоси хуҷандӣ», «Тоҳир ва Зўҳро» саҳм гузорад.
Барои хизматҳои шоёнаш дар пешбурди санъати хореографии тоҷик ва иштироки фаъолонааш дар аввалин Даҳаи санъати тоҷик дар Москва Ғаффор Валаматзода бо ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» (с. 1941) мукофонида шуда, соҳиби унвонҳои «Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон» (с. 1941), «Артисти халқии РСС Тоҷикистон» (с. 1945) мегардад. Ин қадрдониҳо далели он аст, ки Ғаффор Валаматзода ҳанўз дар солҳои ҷавониаш худро ҳамчун санъаткори асил муаррифӣ намуда, ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст.
Ғаффор Валаматзода барои боз ҳам бештар ошноӣ пайдо кардан ба нозукиҳои санъати хореографӣ соли 1945 дар Театри Калони ИҶШС ва Омўзишгоҳи хореографии шаҳри Москва ҳамчун коромўз сафар намуда, шиносоӣ бо олимону мутахассисони варзидаи соҳаи санъати хореграфӣ ўро водор сохт, ки дар яке донишкадаҳои тахассусӣ таҳсил намояд. Ў соли 1946 ба Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскии шаҳри Москва шомил шуда, онро соли 1951 бомуваффақият хатм менамояд.
Пас аз хатми Донишкадаи олии касбӣ ў ба сифати сарбалетмейстри Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ ифои вазифа мекунад. То оғози кор дар ин вазифа бо саъю кўшиши Ғаффор Валаматзода намоишномаҳои «Лайлӣ ва Маҷнун», «Князь Игор», «Оршин мол-олон», «Сарчашмаи бахт» рўи саҳна омаданд.
Аввалин кори мустақилонаи Ғаффор Валаматзода дар эҷоди асари саҳнавӣ намоишномаи «Лайлӣ ва Маҷнун» буд. Роҷеъ ба ин намоишнома мулоҳизаи ҷолиби мутахассисони соҳа баён ёфтаанд. Аз ҷумла, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Низом Нурҷонов чунин менигорад: «Аввалин спектакли офаридаи Валаматзода балети «Лайлӣ ва Маҷнун» мебошад, ки он соли 1947 барои театр марҳилае гардид. Дар ин намоишнома бори аввал дар балети тоҷик рақси классикӣ фаровон истифода бурда шуд ва бори аввал дар он элементҳои рақси миллии тоҷикӣ пайваст гардид. Дар ин хусус собиқ вазири маданияти Тоҷикистон Меҳрубон Назаров низ андешаҳои худро баён кардааст: «Спектакли мароқовари театр – аввалин спектакли мустақилонаи балетмейстри ҷавон, яке аз асосгузорони театри тоҷик Ғаффор Валаматзода буд. Ин устоди забардасти рақс аз ганҷинаи рақсҳои миллӣ ва техникаи хореографияи пешқадами классикӣ истифода бурда ва дар балет онҳоро моҳирона ба ҳам пайваста тавонист. Дар натиҷа спектакли аз ҷиҳати бадеӣ хеле баланде ба вуҷуд оварда шуд».
Дар байни балетҳое, ки Ғ. Валаматзода ба саҳна гузоштааст, «Лайлӣ ва Маҷнун» беҳтарин балет мебошад. Соли 1949 намоишномаи «Лайлӣ ва Маҷнун» сазовори Мукофоти давлатии ИҶШС мегардад ва таҳиягари он – Ғаффор Валаматзода низ соҳиби ин ҷоиза мешавад.
Солҳои 50-ум ва нимаи аввали солҳои 60-ум Ғаффор Валаматзода дар таълифи мусиқӣ, таҳия ва басаҳнагузории рақсҳои намоишномаҳои «Русалка», «Лауренсия», «Эсмералда», «Аида», «Дилбар», «Фаввораи Боғчасарой», «Роҳи пуршараф», «Гилеми кабуд», «Корсар», «Комде ва Мадан», «Кармен», «Афсонаи кўҳӣ» кўшиши зиёд ба харҷ дод.
Ансамбли «Лола» соли 1965 бо саъю кўшиш ва чаҳду талошҳои бевоситаи Ғаффор Валаматзода созмон ёфт. Ғаффор Валаматзода ба ҳайси муассис, роҳбари бадеӣ ва балетмейстр барои шаклгирию рушдёбии ансабли навбунёд саҳми муносиб гузоштааст. Маҳз бо ташаббуси ў истеъдодҳои нав, ҳунарпешагони ҷавон барои пешбурди фаъолияти ансанбл ба кор даъват карда шуданд, аз ҷумла, Малика Қаландарова, Гавҳар Мирҷумаева, Ҳалима Эркаева, Шарофат Рашидова ва беш аз 90 нафар истеъдодҳои ҷавони соҳаи хореграфӣ.
Ҳангоми тарҳрезии барномаҳои ҳунарии ансабл таваҷҷўҳи асосӣ ба таҳияи рақсҳои миллии тоҷикӣ ва дигар халқҳои бародар дода мешуд. Зери роҳбарии ў ансамбли «Лола» яке аз ансамблҳои овозадор на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он маълуму машҳур шуд. Муваффақиятҳои ансамбл, мазмуну муҳтавои репертуари он, маҳорати иҷрокунандагии дастаи ҳунарӣ аз ҷониби тамошобинону муҳаққиқон тавассути нашрияҳои даврии ватанию хориҷӣ мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирифтаанд ва ин мавод барои омўзишу таҳқиқ ва ошноии хуб пайдо кардан ба фаъолияти ансабл кўмак хоҳад расонд. Аз ҷумла, дар ин хусус, театршиноси маъруфи тоҷик Низом Нурҷонов чунин ишора кардааст: «Роҳбари бадеии «Лола» Ғаффор Валаматзода ансамбли худро танҳо бо рақсҳои тоҷикӣ маҳдуд накарда, аз рўзи ташкили он ба санъати рақсии халқҳои ИҶШС-и собиқ ва хориҷа муроҷиат менамуд. Дар барномаи даста рақсҳои ўзбекӣ, уйғурӣ, тоторӣ, озарӣ, лазгӣ, туркманӣ, ҳиндӣ, эронӣ, афғонӣ, арабӣ мустаҳкам ҷой гирифтанд. Аксари онҳо ба саҳна хуб гузошта шуда, аз тарафи ҳунарварон бо шавқу ҳавас иҷро мешаванд».
Рақсҳои ба саҳнагузоштаи Ғаффор Валаматзода, аз қабили: «Сайри лолаҳо», «Дашнободӣ», «Синахуруш», «Рўмол», «Мори печон», «Рақс бо доира», «Рақс бо тавлак», «Нағорабазм», «Ҷигарпора», «Чор зарб», «Калтакбозӣ», «Кордбозӣ», «Қайроқбозӣ», «Панҷ гул», «Қамчин», «Чалма», «Тўй», «Суруд ва муҳаббат», «Чархи дузону», «Ҳосилот», «Дугонаҳо», «Вохурӣ», «Ҷум-ҷаҳала» ҳам аз нигоҳи мазмун ва ҳам аз нигоҳи назокату нафосат ҷолиб буда, ҳаракатҳои ҳамвору мавзун ва дилангез бештар таваҷҷўҳи тамошобинро ба худ ҷалб менамоянд.
Солҳои 1979–1981 Ғаффор Валаматзода ба ҳайси директор ва роҳбари бадеии Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва солҳои минбаъда роҳбари бадеӣ ва сарбалетмейстри Ансамбли давлатии рақсии «Лола» кору фаъолият намуд.
Хизмати Ғаффор Валаматзода дар рушду такомули санъати хореографии тоҷик, созмондиҳии дастаҳои ҳунарӣ, эҷоду таҳияи асарҳои саҳнавӣ, густариши равобити фарҳангии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо, тарбияи истеъдодҳои ҷавон хеле назаррас мебошад.
Барои хизматҳои арзандааш дар инкишофи санъати миллии тоҷик Ғаффор Валаматзода бо унвонҳои фахрии «Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон» (с. 1941), «Артисти халқии ИҶШС» (с. 1976), ҳамчунин ў дорандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС (с. 1949), ҶШС Тоҷикистон ба номи А. Рўдакӣ (с. 1975), 2 ордени Ленин (с. 1957, 1986), 3 ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» (с. 1941, 1949, 1954) ва медалҳо сарфароз мебошад.
Қобили зикр аст, ки соли равон дар иҷлосияи 38-уми бахши Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва маданият (ЮНЕСКО) таҷлили ҷашни 100-солагии асосгузори хореографияи тоҷик, коргардону басаҳнагузорандаи операҳо, коргардони филмҳо ва рақсҳои миллии халқи тоҷик Ғаффор Валаматзода ба феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои соли 2016 ворид шудааст.
Ёдоварӣ ва гиромидошти ҳунари асил ва заҳматҳои шоёни чунин фарзандони барўманди миллат садсолаҳо барои ояндагон намунаи ибрат маҳсуб меёбанд. Ҳар фарзанди фарзонаи миллат новобаста аз талаботи сиёсати замона ва гардиши айём бояд фарҳанги миллиро аз ҳама гуна зуҳурот эмин нигоҳ дорад ва барои дастрас ва огоҳии бештару дақиқи ояндагон ба рисолати таърихии фарҳанги миллат саҳмгузор бошад.

Манбаъ: Ғаффор Валаматзода: Китобномаи шарҳиҳолӣ.
Мураттиб, муҳаррир ва муаллифи мақолаи муқаддимавӣ
Шариф Тошев.
Душанбе: Эҷод, 2006. — саҳ.5-15.

источник

Читайте также:  Признаки кисты эпифиза головного мозга